Зуҳури намуди нави вируси корона
Ҷаҳише дар гени вируси КОВИД-19 тавоноии онро барои олуда кардани ҳуҷайраҳои инсонӣ тақвият карда ва онро ба гунае ғолиб дар саросари ҷаҳон табдил кардааст.
Ба гузориш радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, бар асоси пажӯҳиши муҳаққиқони улумпизишкӣ дар Донишгоҳи Шефилди Англис, ки натиҷаи он дар шумораи ахири нашрияи "Cell" мунташир шуд, гунаи нави вируси корона ба номи "D۶۱۴G" кучактар аст ва дар муҳити озмоишгоҳ, бисёр уфунитар нишон додааст.
Ин намуди вирус, пас аз мавҷи аввалияи зуҳури беморӣ ба суръат ба унвони навъи ғолиби вирус дар ҷаҳон густурда шуда ва бисёре аз мардуми ҷаҳон ба ҷойи намуди аввалия, ба ин навъ аз вирус олуда шудаанд.
Доктор Тушан Ди Силва- мутахассиси бемориҳои сироятии Донишгоҳи Шефилди Англис ва сарпарасти гурӯҳи муҳаққиқон мегӯяд: Мо аз рӯзҳои нахусти ҳамагирӣ, намудҳои вируси КОВИД-19-ро рамзгушоӣ кардаем ва дарёфтем намуди нав, бисёр уфунитар аст.
Баррасии муҳаққиқон нишон медиҳад намуди нав, тамоюли бештаре ба ҳузур дар дастгоҳи танаффусии фавқонии беморон дорад ва ба ин маъне аст, ки тавоноии вирус барои олуда кардани дигар инсонҳо, бисёр болотар рафтааст вале шиддати бемории бархоста аз ин намуди нав, бештар аз намуди пеш нест.