Таъкиди Амрико бар идомаи ишғолгарӣ дар Афғонистон
(last modified Mon, 06 Jul 2020 11:04:36 GMT )
Июл 06, 2020 16:04 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Амрико бар идомаи ишғолгарӣ дар Афғонистон

Кордори сафорати Амрико дар Кобул бар идомаи ҳузури низомии ин кишвар дар Афғонистон таъкид кард.

 Рос Вилсон гуфт : Низомиёни амрикоӣ қасди хурӯҷ аз Афғонистонро надоранд ва чунин мавзӯе низ дар тавофуқномаи сулҳи Амрико ва Толибон дар Қатар қайд нашудааст ва бинобарин ҳузури Вашингтон дар Афғонистон идома хоҳад ёфт.

 Амрико дар тавофуқномаи сулҳ бо Толибон уҳдадор шудааст, ки пас аз 14 моҳ аз имзои ин тавофуқнома, ки чаҳор моҳ пеш дар Қатар ба имзо расид, тамоми низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико бояд хоки Афғонистонро тарк кунанд.

Суханони кордори сафорати Амрико дар Кобул дар бораи идомаи ҳузури низомиёни ин кишвар дар Афғонистон дар чорчуби роҳбурде аст, ки Кохи Сафед онро думбол мекунад.

Бо вуҷуди онки поёни ҷанг дар Афғонистон ва хотимабахшӣ ба ангезаи Толибон барои идомаи набард дар ин кишвар ба хурӯҷи комили нируҳои хориҷӣ аз Афғонистон иртибот дорад, аммо ҳамчунон роҳбурди Вашингтон идомаи ҳузури низомиёни худ дар ин кишвар аст.

 Бар асоси бадаҳдиҳои пайдарпаи Амрико дар тавофуқномаҳои ду ё чандҷонибаи байналмиллалӣ ,гурӯҳи Толибон ҳатто пас аз имзои тавофуқномаи сулҳ бо ин кишвар дар 29 феврали 2020 дар Давҳа-пойтахти  Қатар, ба тааҳҳуди Кохи Сафед барои хориҷ кардани ҳамаи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон бовар надорад ва ҳар гуна барқарории оташбас дар ин кишварро ба иҷрои комили ин тааҳҳуди Вашингтон вобаста кардааст.

 Бо вуҷуди гузашти чанд моҳ аз имзои тавофуқи Давҳа байни Толибон ва Амрико, аммо ҳанӯз ин кишвар нақшаи роҳ ё равиши иҷрои тааҳҳуди худ дар ин тавофуқ барои хурӯҷи комили нируҳои хориҷӣ аз Афғонистонро пешниҳод накардааст, ки ҳамин масъала мӯҷиб шуда, то тардидҳои Толибон барои иҷрои тааҳҳудоти Кохи сафед дар ин тавофуқ башиддат афзоиш пайдо кунад.

 Ба хусус онки дар ҳоли ҳозир давлати Амрико ҳамзамон бо буҳрони густариши бемории корона бо мавҷи фарогири эътирозҳо дар ин кишвар зидди беадолатӣ ва нажодпарастӣ рӯбарӯ аст, ки вуҷуди ин ду буҳрон сабаб шуда то барномаҳои байналмиллалии Кохи сафед аз ҷумла дар бораи Афғонистон ва масъалаи хурӯҷи комили нируҳои хориҷӣ аз ин кишвар ба унвони пешшарти хотимаи ҷанг ва хушунат мутаваққиф шавад.

 Изҳороти кордори сафорати Амрико дар Кобул нишон медиҳад илова бар таъсири буҳронҳои дохилии ин кишвар бар таваққуфи барномаҳои Вашингтон дар бораи Афғонистон, хурӯҷ аз ин кишвар дар роҳбурдҳои калони минтақаии Кохи сафед қарор надорад.

 Исрори Амрико бар мондан дар Афғонистон метавонад талошҳои кунунии мақомоти ин кишвар дар баргузории гуфтугуҳои сулҳ бо Толибонро низ нақши бар об кунад ва масири гушудашуда барои фароҳам кардани заминаи музокироти байнулафғонӣ (байни давлат ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон бо Толибон), дубора баста шавад.

 Амрико дар паи он аст ба баҳонаи ҳифзи дастовардҳо дар Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз қудрат ёфтани ДОИШ дар ин кишвар бахше аз нируҳои худро дар ин кишвар ҳифз кунад.

 Маҷаллаи Таймс чанде пеш барои аввалин бор фош кард, ки тавофуқномаи сулҳи Амрико бо Толибон шомили як банди пинҳонӣ аст, ки ба артиши ин кишвар иҷоза медиҳад як нируи зидди терроризмро дар Афғонистон нигаҳ дорад, ки ин гурӯҳ дар бораи ин хабар вокунише нишон надодааст.

 Ба назар мерасад, Амрико бинобар мулоҳизоти калони роҳбурдӣ ва минтақаӣ ҳозир нашавад ҳамаи нируҳои хориҷиро аз Афғонистон хориҷ кунад, ки агар чунин масъалае дар тавофуқи Давҳа пешбинӣ нашуда бошад, ояндаи сулҳ дар ин кишвар беш аз пеш дар норушанӣ фурӯ хоҳад рафт.