Июл 07, 2020 17:50 Asia/Dushanbe
  • Гузоришгари вижаи СММ: Террори  Сардор Сулаймонӣ нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ буд

Гузоришгари вижаи СММ ҷинояти ИМА-ро дар куштори генерал Қосим Сулаймонӣ нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ номид.

Ба гузориши радиои тоҷикии  Садоии Хуросон, Агнес Каламар гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид  рӯзи сешанбе дар мусоҳиба бо хабаргузории Ройтерс хостори посухгӯии кишварҳо дар бораи террорҳои ҳадафманд бо паҳподҳои низомӣ ва вазъи муқаррарот дар ин замина шуду таъкид кард, ки ҳамлаи паҳподии сеюми январи Амрико, ки ба террори Сардор Сулаймонӣ анҷомид, нақзи маншури Милали Муттаҳиди буд.
 Каламар гуфт, ки дар гузориши худ бо мавзӯи эъдомҳои қонунӣ , шитобзада ва худсарона таъкид кардааст, ки дар террори Сардор  Сулаймонӣ аввалин бор  як давлат ( Амрико ) асл « дифо аз худ »ро барои тавҷеҳи ҳамла ба як мақоми давлатӣ дар хоки кишвари сеюм  дастовез қарор дода ва ин ғайриқонунӣ аст.
Каламар қарор аст рӯзи панҷшанбе  гузориши худро дар ин замина ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ироа кунад . 
 Сардор сипаҳбуд  Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи  Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби исломӣ сеюми январи 2020 ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ки ба ҳамроҳи Абу Маҳдӣ ал-Муҳандис, ноиби раиси басиҷи мардумии Ироқ ( Ал-Ҳашд ал-Шаъбӣ ) ва ҳашт нафари дигар дар ҳамлаи паҳподии нерӯҳои террористи Амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодати расид .

Барчасп