Июл 11, 2020 17:24 Asia/Dushanbe

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар суханронияш ба муносибати кушоиши масҷиди Аёсофия ба рӯйи намозгузорон шеъре ба забони форсӣ хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шеъре, ки Эрдуғон дар бозгушоии масҷиди Аёсофия хонд шеъре форсӣ аз султон Муҳаммади Фотиҳи Усмонӣ аст, ки ҳангоми фатҳи Истамбул дар соли 1453 мелодӣ суруд: Пардадорӣ мекунад дар қасри Қайсар анкабут/ бум, навбат мезанад бар Торими Афросиёб

То соли 1311 ҳиҷрии шамсӣ, ки ба дастури Мустафо Камол Пошо Отатурк наҳзати зудудани вожагони форсӣ аз забони усмонӣ ба вуҷуд омад, вожагони форсии бисёре дар забони туркии усмонӣ вуҷуд дошт.

Ба рағми порсизудоии сунъӣ аз забони туркӣ, шахсиятҳои фарҳангӣ ва сиёсии Туркия барои баёни мақсадҳои худ ҳамчунон аз ганҷинаи ғании форсӣ баҳра мегиранд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон- раиси ҷумҳури Туркия то кунун чанд бор аз шеърҳои форсӣ дар суханронии худ истифода кардааст.

Вай дар иҷлоси сарони ду кишвари Туркия ва Эрон дар Анқара байти "Дарахти дӯстӣ биншон..."-и Ҳофизро хонд ва дар иҷлоси сарони раванди Остона дар Теҳрон низ бо байти "Ту каз меҳнати дигарон беғамӣ"-и Саъдӣ, мақсадҳои сиёсии худро баён кард.

Раиси ҷумҳури Туркия дар суханронии ҷумъашаби худ табдили осорхонаи Аёсофияи  Истамбул ба масҷидро як масъалаи дохилӣ донист ва аз ҳамагон хост ба тасмими Додгоҳи олии Туркия дар ин замина эҳтиром бигузоранд.

Вай таъкид кард, дарҳои масҷиди Аёсофия  ба рӯйи боздидкунандагони ғайри мусулмон ҳам боз аст ва ин масҷид рӯзи 24 июл ифтитоҳ мешавад.

Додгоҳи  олии идории Туркия рӯзи 9 июл бо тағйири ҳукми соли 1934-и ҳайати вазирони ин кишвар дар бораи Аёсофия, онро аз осорхона ба масҷид тағйир дод.

Ин  ҳукм бо мухолифати Амрико, Франса, раҳбари ортодоксҳои Юнон ва Созмон омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) рӯбарӯ шудааст.

 

Барчасп