Нию-Йорк Таймз: Тавофуқи ҳамкории Эрон ва Чин зарбаи сангине ба Трамп аст
(last modified 2020-07-12T09:49:17+00:00 )
Июл 12, 2020 14:49 Asia/Dushanbe
  • Нию-Йорк Таймз: Тавофуқи ҳамкории Эрон ва Чин зарбаи сангине ба Трамп аст

Рӯзномаи Нию-Йорк Таймз бо интишори бахше аз ҷузъиёти санади тавофуқи ҳамкории ҷомеи Эрон ва Чин таъкид кард: Ин тавофуқ зарбаи бузурге ба сиёсатҳои зидди эронии Трамп аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин рӯзномаи амрикоӣ дар гузорише бо унвони «Чин ва Эрон, бо истодагӣ ва муқовимат дар муқобили Амрико ба ҳамкории тиҷорӣ ва низомӣ наздик мешаванд», санади «Барномаи 25 солаи ҳамкории ҷомеи Эрон ва Чин»-ро иқдоме дар ҷиҳати заиф кардани талошҳои зидди эронии давлати Доналд Трамп тавсиф кард.

Нию-Йорк Таймз бо ишора ба ин ки нусхае аз ин пешнависи тавофуқи пешниҳодии 18 саҳифаиро дар ихтиёр дорад, афзуд: Тибқи санади «Барномаи 25 солаи ҳамкориҳои ҷомеи Эрон ва Чин», мушорикати Чин дар пружаҳои иқтисодӣ ва низомӣ, омӯзиш ва баргузории размоишҳо ва таҳқиқоти муштарак ва тавсеаи таслиҳот ва иштирокгузории иттилоот миёни ду кишвар барои мубориза бо терроризм, қочоқи инсон ва маводи мухаддир ва ҷурмҳои марзӣ афзоиш меёбад.

Нию-Йорк Таймз дар идомаи гузориши худ навишт: Мушорикати Эрон ва Чин, нуқтаи иштиоли хатарнок ва ҷадиде дар равобити рӯ ба вахомати Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эҷод хоҳад кард ва зарбаи бузурге ба сиёсати таҳоҷумии Трамп алайҳи Эрон аз замони хориҷ шудани Амрико аз БАРҶОМ дар соли 2015 то кунун хоҳад буд.

Ҳайати давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон 21 июн пешнависи ниҳоии "Барномаи 25 солаи ҳамкории ҷомеи Эрон ва Чин"-ро баррасӣ ва тасвиб кард.

Вазорати умури хориҷаи Эрон маъмурият ёфтааст, ки тайи музокироти ниҳоӣ бо тарафи чинӣ, бар асоси манофеи мутақобили баландмуддат, ин барномаро ба имзои дутараф бирасонад.