Июл 14, 2020 11:39 Asia/Dushanbe
  • Гузоришгари Созмон Миллали Муттаҳид: Трамп таъсири манфӣ бар озодии баён дорад

Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар заминаи озодии баён бо баёни ин ки Кохи Сафед ба расонаҳо ҳамла мекунад, аз"таъсири манфии Доналд Трамп" бар озодии матбуот дар ҷаҳон парда бардошт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Девид Кай умедвор аст бо рафтани Трамп, ҳуҷум ва ҳамлаҳо ба рӯзноманигорони амрикоӣ коҳиш ёбад.

Вай гуфт: Равшан аст, ки Трамп дар чаҳор соли гузашта, равишеро дар пеш гирифтааст, ки дар он ба расонаҳо ва озодии баён хадша ворид мекунад.

Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар заминаи озодии баён интиқод аз асҳоби расона, интишори ахбори бардурӯғ дар бораи онҳо ва низ эъломи ин ки онон бо расонаҳои муҳофиза кор фаъолият мекунанд, мисдоқи ҳамла ба хабарнигорон ва рӯзноманигорон донист.

Кай дар посух ба ин савол, ки оё Трамп таъсире бар озодии матбуот дар сатҳи ҷаҳон доштааст, ҳам гуфт: Бале, вай таъсири бисёр манфӣ бар ин мақула дорад.

Вай афзуд: Интиқоди давлатҳои пешини Амрико аз ҳодисаҳое, ки аз навъи қатли "Ҷамол Хошуқчӣ" барои асҳоби расона рух медод, бисёр бештар аз давлати Трамп буд.

Таромп дар баргузории конфронсҳои хабарӣ ва мусоҳиба бо расонаҳои ҳамсӯ ва дидорҳои аз пеш таъйиннашуда бо хабарнигорон рекордор аст, ҳарчанд дидори вай бо асҳоби расона ағлаб бо ҳошияҳо ва ҳарҷу марҷи зиёд дар тули давраи раёсатҷумҳурияш ҳамроҳ будааст.