Июл 14, 2020 17:40 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори маргбор дар шаҳри Кобул

Таркиши бомба дар шаҳристони Саробӣ наздикии Кобули пойтахти Афғонистон 16 нафарро кушта ва даҳҳо нафари дигарро захмӣ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон , полиси шаҳристони Саробӣ дар шарқи шаҳри кобул эълом кард , ин инфиҷори зуҳри рӯзи сешанбе  замоне рӯй дод, ки минаи канори ҷодае дар масири убури мошини ҳомили ғайринизомиён мунфаҷир шуд .
Дар ин инфиҷор  панҷ  ғайринизомӣ ҷон бохтанду 11 нафари дигар захмӣ шуданд .
Бар асоси ин гузориш , шуморе аз кушта ва захмӣ шудагони ин инфиҷор  занону кӯдакон ҳастанд .
Фармондори шаҳристони Саробии Кобул  ин минагузориро кори гурӯҳи Толибон дониста аст .

Барчасп