Июл 15, 2020 09:29 Asia/Dushanbe
  • Корона тарҳҳои миллии тавсеаи Русияро ба таъхир андохт

Бо густариши вируси корона дар Русия раиси ҷумҳури ин кишвар дастур дод то дар матни фармон дар бораи тарҳҳои миллии баландмуддат, соли 2024 ба соли 2030 тағйир ёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Владимир Путин дар тозатарин конфронси видеоӣ бо аъзои ҳайати давлат, ки ба баррасии вазъи иқтисодии Русия ихтисос дошт хостори он шуд, ки бо тавҷҷуҳ ба натиҷаҳои ҳамапурсии ислоҳи қонуни асосӣ, дастуроте, ки дар он ҳадафҳои тавсеаи миллӣ то соли 2030 таъйин шудааст, танзим шавад.

Барномаи тавсеаи миллии 367 миллиарддоллари (25.7 ҳазор миллиард рублӣ)-и мавриди назари Путин дар ҳоли ҳозир аз барномаи замонбандӣ ақиб афтодааст ва раиси ҷумҳури Русия қасд дорад ислоҳоти бунёдин дар он анҷом диҳад.

Ин барнома шомили 13 тарҳи миллӣ мутобиқи дастури раиси ҷумҳури Русия дар соли 2018, қарор буд то соли 2024 ба сурати комил ба иҷро дарояд.

Ин тарҳҳо дар се бахши сармояи инсонӣ, муҳити муносиб барои зиндагӣ ва рушди иқтисодӣ танзим шуда буд.

Бо таваҷҷуҳ ба густариши корона дар Русия, таҳлилгарон муътақиданд иҷрои барномаҳои Путин то соли 2024 амалан ғайримумкин ва дур аз дастрас шудааст аз ин рӯ давлати Русия пешбинии худро дар бораи иҷрои пружаҳои миллӣ ба соли 2030 кашондааст.

Барчасп