Худдории Трамп аз иҷборӣ кардани истифода аз ниқоби тиббӣ дар Амрико
Бо вуҷуди густариши вируси корона дар Амрико ва марги даҳҳо ҳазор амрикоӣ, раиси ҷумҳури ин кишвар ҳозир нест истифода аз ниқоби тиббиро барои шаҳрвандон иҷборӣ кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Ҳил, Доналд Трамп гуфтааст, ҳукми миллии иҷбори шаҳрвандони амрикоӣ ба ниқобак задан барои коҳиши густариши вируси коронаро содир нахоҳад кард.
Трамп гуфтааст ба иҷборӣ кардани истифода аз ниқобак эътиқоде надорад.
Ин дар ҳоле аст, ки дар бархе иёлатҳои Амрико, мақомоти маҳаллӣ истифода аз ниқоби тиббиро илзомӣ кардаанд.
Гуфтаҳои Трамп дар шароите матраҳ мешавад, ки Антонио Фаочи- мудири Муассисаи миллии алергӣ ва бемориҳои сироятии Федерали Амрико пештар эълом карда буд, ки агар ҳама ниқоби тиббӣ бизананд метавон дар муддати чаҳор то шаш ҳафта, коронаро дар ин кишвар ба контрол даровард.
Амрико болотарин омори мубталоён ва фавтидаҳо бар асари коронаро дар саросари ҷаҳон дорад.
То кунун ҳудуди 3 миллиону 800 ҳазор нафар дар саросари Амрико ба корона мубтало шудаанд, ки беш аз 142 ҳазор нафар аз онон фавтидаанд.