Июл 20, 2020 13:29 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Трамп ба интишори китоби бародарзодааш

Раиси ҷумҳури Амрико аз мавзуъҳои матраҳшуда дар китоби бародарзодааш Мери Трамп ибрози норизоятӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Доналд Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Фокс-Ниюз дар вокуниш ба интишори китоби Мери Трамп бародарзодаи худ гуфт, муҳтавои ин китоб бештар алайҳи падару модараш аст то худи ӯ.

Трамп гуфтааст, ӯ як модари бисёр меҳрбон ва маъсум ва падари хуб ва бисёр қобили эътимод дошта ва акнун бештар ба хотири ҳамлаҳое, ки дар ин китоб ба падару модараш шуда нороҳат аст то интиқодҳои китоб ба худи ӯ.

Китоби ифшогаронаи Мери Трамп алайҳи амаки худ дар нахустин рӯзҳои интишораш ҳудуди як миллион нусха ба фуруш рафт, ки як рекорд ба шумор меояд.

Ин китоб бо унвони «Бисёр зиёд ва нокофӣ, чигуна хонаводаи ман хатарноктарин марди дунёро падид овард» мунташир шудааст.

Мери Трамп дар китоби худ ба иттилооти маҳрамонаи хонаводаи Трамп пардохта ва Трампро фарде зӯргӯ ва фиребкор муаррифӣ кардааст.

 

Барчасп