Мусодираи 26 ҳазор қутии обҳои минералии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i55669
Кормандони Ожонси амнияти ғизоии Ҷумҳурии Озарбойҷон 26 ҳазор қутӣ оби минералии бастабандишуда дар Тоҷикистонро ба иллати гузаштани таърихи истеъмолашон мусодира карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 22, 2020 08:47 Asia/Dushanbe
  • Мусодираи 26 ҳазор қутии обҳои минералии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Кормандони Ожонси амнияти ғизоии Ҷумҳурии Озарбойҷон 26 ҳазор қутӣ оби минералии бастабандишуда дар Тоҷикистонро ба иллати гузаштани таърихи истеъмолашон мусодира карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ожонси амнияти ғизоии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ин миқдор оби минералии воридотӣ аз Тоҷикистон дар анбори як фурӯшгоҳи маводи ғизоӣ дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Боку бидуни риояти дамои муносиб ва бо вуҷуди таърихи масрафи гузаштаашон нигаҳдорӣ мешуд, ки кашф ва мусодира гардид.

Гуфта мешавад, ки обҳои минералии мусодирашуда дар Ҷумҳурии Озарбойҷон аз брандҳои "Сиёма", "Оби Зулол" ва "Ҳавотоғ" будаанд, ки ширкатҳои машҳури тавлид ва бастабандии оби миниралӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меоянд.