Июл 27, 2020 09:11 Asia/Dushanbe
  • Ташкили

Бо афзоиш ёфтани мавридҳои олудагӣ ба вируси корона дар иёлати Тегзаси Амрико масъулони бемористоне дар ин иёлат тасмим ба ташкили "Комисиони марг" гирифтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи Гардиян, афзоиши мавридҳои олуда шудан ба вируси корона дар минтақаҳои рустоии иёлати Тегзаси Амрико сабаб шуд то пизишкон дар бемористони Мемориал дар минтақаи Стор ин иёлат комиссияе барои бистарӣ кардани бархе беморон ташкил диҳанд.

Пизишкони бемористони Мемориал, ки танҳо бемористони минтақаи Стор маҳсуб мешавад дастуруламалҳое мунташир кардаанд то бар асоси он дар бораи ин ки кадом беморони мубтало ба корона бояд дармон шаванд ва кадом як аз онҳо ба сабаби ин ки эҳтимолан ҷони худро аз даст медиҳанд бояд ба хона фиристода шаванд, тасмимгирӣ шавад.

Ин кумитаҳо ташкил мешаванд то фишор бар манобеи маҳдуди пизишкӣ коҳиш ёбад ва пизишкон битавонанд бар дармони бемороне, ки эҳтимоли зинда мондани онҳо бештар аст тамаркуз кунанд.

Бештари иёлатҳои Амрико бо афзоиши мавридҳои олудагӣ ва марг бар асари вируси корона бо камбуди имконот барои пазириш ва дармони беморон мувоҷеҳ шудаанд.

Оморҳо нишон медиҳад то кунун беш аз 4 миллиону 318 ҳазор нафар дар Амрико ба КОВИД-19 мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

 

Барчасп