Девори марзии шаш миллиарддолларии Трамп фуру рехт
Дар миёнаи корзори интихоботӣ дар Амрико тӯфони Ҳана бахше аз девори пурҳазинаи марзӣ бо Мексикаро вайрон кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, мақомоти иёлатӣ эълом карданд тӯфони Ҳана рӯзи якшанбе бахше аз девори марзӣ дар иёлати Калифорнияро вайрон кард.
Тӯфони Ҳана, ҳамчунин бахшҳое аз иёлати Тегзасро зери об бурд.
Пеш аз ин низ дар зимистони гузашта бахше аз ин девори марзӣ бо вазиши боди шадид суқут карда буд.
Раиси ҷумҳури Амрико дар рақобатҳои интихоботии соли 2016 ваъда дода буд деворе ба тӯли се ҳазор километр дар марзи Амрико бикашад ва бахше аз ҳазинаи 5.7 миллиард долларии онро аз давлати Мексика бигирад.
Ҳадаф аз сохтани ин девор афзоиши амният дар марзи Амрико ва Мексика ва сахттар кардани вуруди ғайриқонунӣ ва қочоқии паноҳҷӯёни мексикаӣ ба Иёлоти Муттаҳида эълом шуд, аммо акнун эълом мешавад девор коркарди худро аз даст дода ва қочоқчиён бо арра кардани бахшҳои филизии он вориди хоки Амрико мешаванд.