Июл 27, 2020 13:52 Asia/Dushanbe
  • Бозгушоии масҷидҳои Чин пас аз шаш моҳи таътил

Баъд аз шаш моҳи таътил ба далели густариши вируси корона, теъдоде аз масҷидҳои Пекин боз шуда ва мусулмонон метавонанд фаъолиятҳои мазҳабии худро дар он анҷом диҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Анҷумани исломии Пекин эълом кардааст дар ҳоли ҳозир танҳо анҷоми фаъолиятҳои мазҳабӣ дар масҷидҳо муҷоз аст ва боздидкунандагон иҷозаи вуруд ба ин маконҳоро нахоҳанд дошт.

Намозгузорон бояд барои ширкат дар намози ҷамоат сабтином кунанд.

Ҳузур дар ойини намози ҷумъа низ танҳо аз тариқи сабтином дар пойгоҳи интернетии маконҳои мазҳабии Пекин ва ё тамос бо масҷиди мавриди назар имконпазир хоҳад буд.

Барои вуруд ба масҷидҳо ҳарорати бадани афрод гирифта мешавад ва намозгузорон бояд ниқоб зада бошанд.

Фосилаи афрод ҳангоми хондани намоз ҳам ҳадди ақал бояд як метр бошад.

гузоришҳои расмии давлати Чин ҳокӣ аст, ки ҳудуди 20 миллион мусулмон дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд.

Бар асоси омори Шурои иттилоърасонии давлати Чин ба тартиб будизм, тоъуизм, ислом, масеҳият, католик ва масеҳияти протистон бештарин пайравонро дар Чин доранд.

Бар асоси ин омор Чин дорои 35 ҳазор масҷид аст.

 

Барчасп