Июл 28, 2020 18:36 Asia/Dushanbe
  • Русҳо чи гуна масеҳӣ шуданд?

Русҳо имрӯз 28 июл ҳазору панҷумин солрӯзи гаравидани худ ба масеҳияро ҷашн мегиранд ва ба ин муносибат дар калиссоҳои Русия оинҳои мазҳабии бисёр баргузор мешавад.

Ба гузориши  радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, ҷашни аслии ин рӯз дар қолиби маросими мазҳабӣ дар калисои жомеи Масеҳи мунҷӣ бо роҳбари Калисои Православии Рус патриарх Кирилл  баргузор мешавад.

Масеҳияти православӣ дар қарни 11 мелодӣ бо гаравидани Владимир подшоҳи Киев дини расмии русҳо шуд.

Княз (подшоҳ) Владимир Светослав дар соли 970 мелодӣ подшоҳи Новгород шуд ва сипас Киевро тасарруф кард ва худро подшоҳи Киев хонд, ки модари шаҳрҳои Руссия дар он давра маҳсуб мешуд ва ҷойгоҳи Маскави имрӯзиро дошт.

Патриарх Кирилл дар суханоне дар маросими мазҳаби имрӯз дар ташриҳи шахсияти Владимир гуфт: Владимир як бутпарасти мутаассиб буд ва даҳҳо нафар ба дастури вай кушта шуданд, аммо ба майли худ тасмим гирифт, тавба кард ва ба масеҳият рӯй овард.

Кирилл хотирнишон кард, ки русҳо дар даврони бутпарастӣ, буте ба номи Перунро мепарастиданд ва ҳатто инсонҳоро барои вай қурбонӣ мекарданд ва мӯътақид буданд, ки мӯъҷиза ҳам мекунад.

Дар достонҳое, ки насл ба насл ривоят шуда омадааст: подшоҳи русҳо мехост бо тақвияти бутпарастӣ миллати русро дар маҳдудаи ҳукумати худ мунсаҷим кунад, аммо ҳангоме, ки фаҳмид бутпарастӣ сабаби парокандагӣ ва тафриқаи русҳо мешавад, ба фикри интихоби дини осмонӣ афтод ва аз ин рӯ намояндагони якчанд мазҳаб, аз ҷумла ислом, масеҳияти православии юнонӣ, румӣ ва яҳудиёнро даъват кард аз дини худ барои ӯ бигӯянд.

Достонҳо мегӯянд Владимир вақте фаҳмид мусулмонон ва яҳудиён хурдани гушти хук ва нӯшокиҳои спиртиро ҳаром медонанд ва дар масеҳият чунин масоиле пешбинӣ нашуда, ба масеҳият рӯй овард. Чароки мӯътақид буд дар Русия бидуни шароб зиндагӣ мумкин нест.

Бо ин вуҷуд муаррихони рус мӯътақиданд омиле, ки сабаб шуд подшоҳи русҳо масеҳияти православиро баргузинад, иртиботи доим ва равобити Русия он замон бо имперотурии  православӣ Бизонс буд.

Дар залъи ҷанубу ғарбии кохи Кремл ва дар канори масири вижаи вуруди мақомот ба кох, муҷассамаи  17 метрии Владимири муқаддас бар болои як теппа ба чашм мехурдад, ки дар як даст салиб ва дар дасти дигар шамшер дорад.

 

Барчасп