Андешакадаи покистонии “Глобал вилҷ спейс”: Каридори Эрон, Ҳинд ва Русия рақибе барои канали Суэс
(last modified 2020-07-29T13:37:05+00:00 )
Июл 29, 2020 18:37 Asia/Dushanbe
  • Андешакадаи покистонии “Глобал вилҷ спейс”: Каридори Эрон, Ҳинд ва Русия рақибе барои канали Суэс

Як андешакадаи покистонӣ дар тозатарин пажӯҳиши худ ба ин натиҷа расид, ки каридори иқтисодии Шимол- Ҷануб метавонад ба як рақиби иқтисодӣ барои канали Суэс (Миср) дар минтақаи Ховари Миёна табдил шавад.

Ин каридори иқтисодӣ иртибототи Ҳинд ба Аврупоро аз тариқи бандари Чобаҳори Эрон барқарор мекунад.

Маркази мутолеоти “Глобал вилҷ спейс”-и Покистон дар гузорише навишт: Эрон ҳудуди ду даҳа қабл бо Ҳинд ва Русия тавофуқи сеҷонибаеро имзо кард то битавонад бо эҷоди як каридори ҳамлунақли дарёӣ, заминӣ ва роҳи оҳан, замон ва ҳазинаи ҳамлунақли колоро аз Ҳинд ба Аврупо ба мизони қобили таваҷҷуҳе коҳиш дода ва дар айни ҳол мавқеияти худ дар минтақаро тақвият кунад.

Бар асоси ин гузориш, чунончӣ ин се кишвари аслии ин тарҳ битавонанд онро ба сурати муваффақиятомез ба иҷро дарбиоваранд ва иртиботи ҳафтҳазору 500 километрии кишварҳои масири каридорро барқарор кунанд, ин тарҳ метавонад бо канали Суэс дар Миср, ки иртиботи кишварҳои муҳиме аз ҷаҳонро бо ҳам барқарор кардааст, рақобат карда ва онро ба чолиш бикашад. Ва ҳамин кори муҳим дар айни ҳол барои Эрон метавонад дар рақобат бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ имтиёзи қобили таваҷҷуҳе ба ҳисоб ояд. Ин каридор, ки масири ҳамлунақли дарёӣ, заминӣ ва рейлӣ миёни Эрон, Ҳинд ва Русия аст ва метавонад ба роҳатӣ шибҳиқораи Ҳинд ва ҷануби шарқи Осиёро ба шимоли Аврупо пайванд диҳад ва на танҳо ҷойгузини муносибе барои канали Суэси Миср бошад, балки ҳатто бо ибтикори “Як камарбанд, як роҳ” (Ҷодаи Абрешими собиқ)-и Чин низ рақобат кунад.

Мақомоти Эрон ва Ҳинд изҳор доштанд, ки ин масир боиси коҳиши чашмгири замон ва ҳазинаи ҳамлунақл аз Ҳинд ба Аврупо хоҳад шуд. Ба гуфтаи мақоми аршади Вазорати бозаргонии Ҳинд, ин масир метавонад замони ҳамлунақлро то 40 дарсад ва ҳазинаро то 30 дарсад коҳиш диҳад.

Тарҳи эҳдоси каридори Эрон, Ҳинд ва Русия барои таъсиси як масири ҳамлунақли шимол ба ҷануб дар муқобили канали Суэси Миср, дар воқеъ тарҳи тавофуқномаи тиҷорати озоди ахир миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо ҳамроҳии Эрон ва Сингапур аст, ки қарор аст ба раҳбарии Русия амалӣ шавад. Дар сурати муваффақиятомез будани таҳаррукот ва ҳамкориҳои Эрон, Ҳинд ва Русия, Эрон метавонад бо Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳида ва ҳамчунин Чин, ки нақши калидӣ дар минтақа ва Ховари Миёна ифо мекунанд, рақобат кунад. Ин каридор метавонад мавқеияти Эронро дар минтақа қувват бахшад.