Август 03, 2020 14:24 Asia/Dushanbe
  • Сербистон дар як қадамии пайвастан ба иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё

Давлати Русия пешнависи қонуни тавофуқномаи тиҷорати озод байни иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва ҷумҳури Сербистонро тасвиб кард ва ба Думаи ин кишвар фиристод.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, утоқи бозаргонии Сербистон бо интишори иттилоияе ибрози умедворӣ кард, то поёни имсол раванди узвияти Сербистон дар иттиҳодияи иқтисодии  Авруосиё дар Думаи Русия ва ниҳодҳои қонунии чаҳор узви дигари ин иттиҳодия ба тасвиб бирасад.

 Тавофуқномаи Сербистон бо иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё 25 октябри соли 2019 дар Маскав ба имзои нахуствазирони федератсияи Русия, Беларус, Қазоқистон, ҷумҳурии Қирғизистон, Арманистон ва Сербистон расид.

 Парлумони Сербистон низ дар нишасти 24 феврали имсол ин тавофуқномаро ба тасвиб расонд.

Бинобар гузоришҳо ҳудуди 50 кишвари аврупоӣ ва осиёӣ алоқаманд ба ҳамкорӣ бо иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ҳастанд.

 Сербистон бо содироти ҳудуди як миллиард доллар дар солҳои 2018 ва 2019 бузургтарин содиркунандаи маҳсулот ва тавлидот аз минтақаи ҷанубу шарқи Аврупо ба федератсияи Русия аст.

 

Барчасп