Август 04, 2020 16:14 Asia/Dushanbe
  • Гуттереш: Таътилии мактабҳо фоҷиа аст

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз таътилии мактабҳо дар саросари ҷаҳон ба далели шуюи вируси корона ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Антонио Гуттереш рӯзи сешанбе таъкид кард бозгашти бехатар ва амни донишомӯзон ба мактабҳо бояд авлавияти аслии кишварҳо бошад.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт: "Аз авосити моҳи июл ба баъд мактабҳо дар ҳудуди 160 кишвар баста шудаанд, ки беш аз як миллиард донишомӯзро шомил мешавад ва ин дар ҳоле аст, ки ҳудуди 40 миллион кӯдак, даврони томактабиро аз даст додаанд."

Вай идома дод: "Ин теъдод ба беш аз 250 миллион кӯдаке, ки пеш аз ин бемории ҳамагирӣ ба мактаб намерафтанд афзуда шуд ва танҳо танҳо чоряки донишҷӯёни мактабҳои миёнаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ малакаҳои асосӣ доранд."

Гуттереш гуфт: "Акнун мо бо як фоҷиаи наслӣ рӯбарӯ ҳастем, ки метавонад зарфиятҳои бешумори башарро ҳадар диҳад, чандин даҳсолаҳои пешрафтро заиф кунад ва нобаробариҳои шадидро боз ҳам шиддат диҳад.!

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар идома аз баробарии як пуйиши ҷадид ба номи "ояндаи моро наҷот диҳед"хабар дод.

Вай дар идома афзуд:  "Тасмимоте, ки акнун давлатҳо ва муттаҳидони онон мегиранд, таъсири доимӣ бар садҳо миллион нафар аз ҷавонон ва бар чашмандози тавсеаи кишварҳо дар даҳсолаҳои оянда хоҳад гузошт."

Бо ин ҳол Гуттереш тавсиа кард мактабҳо танҳо дар сурате боз шаванд, ки вируси корона таҳти назорат қарор гирад.