Август 06, 2020 16:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мавҷи дувуми куруно ба Аврупо ва бозгашти маҳдудиятҳо

Бо ҳамлаи мавҷи дувуми вируси куруно ба Аврупо, бархе аз кишварҳо ҳамчун Испания маҷбӯр ба вазъи муҷаддади қавонтни қарантин ва эъмоли маҳдӯдиятҳои шадид шуданд.

Ба гузориши рӯзномаи бритониёии "Daily Mail", давлати Юнон низ ҳушдор дод, дар сӯрати афзоиши нигаронкунандаи омори рӯзонаи ибтило ба куруно дар ин кишвар, маҷбӯр ба вазъи маҳдӯдиятҳои ҷадиде ба манзури ҷилавгирӣ аз тасриъи шуюи ин вирус мешавад.

Юнон рӯзи чаҳоршанбе 121 мавриди ҷадиди ибтило ба куруно дар ин кишвар сабт кардааст, ки ин болотарин омори рӯзонаи ибтило аз 22 апрели 2020 токунӯн маҳсуб мешавад.

Иттиҳодияи пизишкони Олмон ҳам тасреҳ кард, ки ин кишвар дар буҳбуҳаи мавҷи дувуми куруно қарор гирифта ва омори ибтило ба ин вирус рӯзона дар ин кишвар ба таври миёнгин ба 730 мавриди ҷадид дар ҳафтаи ҷорӣ афзоиш ёфтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки омори ибтило ба вируси куруно дар Олмон ду ҳафта қабл аз он, ба таври миёнгин 460 маврид дар рӯз будааст.

Кумитаи олии илмии Фаронса ҳам эълом кард, ки мақомҳои ин кишвар бо афзоиши шадиди мавориди ҷадиди ибтило ба куруно даст ба гиребон ҳастанд, чаро ки дар Фаронса рӯзона як ҳазору 219 мавриди ҷадиди ибтило ба куруно ба сабт мерасад.

Ин дар ҳоле аст, ки миёнгини омори ҳафтагии ибтило ба куруно дар ин кишвар ду ҳафта қабл, 719 маврид будааст.

Ин ахбор мабнӣ бар эҳтимоли эъмоли муҷаддади маҳдӯдиятҳои куруноӣ дар ҳоле мунташир мешавад, ки даври қаблии ин маҳдӯдиятҳо дар кишварҳои аврупоӣ мӯҷиб шуд, рукуди иқтисодӣ дар ин кишварҳо афзоиш ёбад.

Идораи омори кишварҳои ҳавзаи евро "Eurostat " ҷумъа 31 июл дар тозатарин гузориши худ эълом кард, рукуди иқтисодӣ дар ин кишварҳо ва дар се моҳаи дувуми сол ба бештарин мизон дар чоряк қарни ахир ба сабт расидааст.

 

Барчасп