Пешгӯи матраҳи таърихи интихоботи Амрико: Трамп аз Бойден шикаст мехӯрад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56211-Пешгӯи_матраҳи_таърихи_интихоботи_Амрико_Трамп_аз_Бойден_шикаст_мехӯрад
Муаррихи амрикоӣ пешбини кард, раисиҷумҳурии феълии Амрико дар рақобатҳои интихоботӣ аз рақиби демокроти худ шикаст мехӯрад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 06, 2020 19:38 Asia/Dushanbe
  • Пешгӯи матраҳи таърихи интихоботи Амрико: Трамп аз Бойден шикаст мехӯрад

Муаррихи амрикоӣ пешбини кард, раисиҷумҳурии феълии Амрико дар рақобатҳои интихоботӣ аз рақиби демокроти худ шикаст мехӯрад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ҳилл, Олен Лиҷман, муаррихи амрикоӣ, ки гуфта шуда, аз соли 1984 пешгӯӣ ва пешбиниҳояш дар бораи барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар дуруст будааст гуфт, ки Ҷо Боӣден номзади аслии Ҳизби демократ дар интихоботи ноябри соли ҷории 2020 пирӯз мешавад.

Олен Лиҷман, собиқаи тӯлонӣ дар заминаи пешбинии дурусти натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳӯрии Амрико аз ҷумла интихоботи соли 2016 дорад.

Олен Лиҷман, яке аз маъдӯд пӣишгӯёне аст, ки пирӯзии Трамп дар интихоботи 2016-ро пешбинӣ карда буд.

Натоиҷи назарсанҷиҳои ҷадид нишон медиҳад, Боӣден аз Трамп пешӣ гирифта аст.

Густариши вируси корона ва афзоиши мушкилоти иқтисодӣ дар канори саркўби тазоҳуроти зидди нажодпарастӣ мӯҷиби норизоятии шадиди мардуми Амрико аз Трамп шудааст.