Август 10, 2020 09:18 Asia/Dushanbe
  • Бойден: Идомаи ҳузури Трамп дар қудрат фоҷиабор аст

Номзади аслии Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар бораи паёмадҳои пирӯзии раиси ҷумҳури феълӣ дар интихобот ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҷо Бойден- номзади аслии Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2020-и Амрико рӯзи якшанбе дар твитте навишт: Чаҳор соли дигар фурсат додан ба давлати Доналд Трамп- раиси ҷумҳури феълӣ барои боқӣ мондан дар қудрат, паёмадҳои фоҷиаборе барои наслҳои оянда хоҳад дошт.

Бойден афзудааст: Пирӯзии Трамп ояндаи демокрасии моро таҳдид мекунад ва мо бояд дар моҳи ноябр ба ӯ овоз надиҳем.

Тибқи натиҷаҳои назарсанҷии нави ширкати Чег Колеҷ Полс, Ҷо Бойден бо ҳимояти ҳудуди 50 дарсадӣ дар байни донишҷӯён аз Трамп пеш афтодааст.

Аз сӯи дигар Доналд Трамп муддаӣ шуд демократҳо мехоҳанд дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико тақаллуб кунанд.

Дар Амрико нигарониҳо аз эҳтимоли худдории Доналд Трамп аз канорагирӣ дар сурати бохт дар интихобот рӯз ба рӯз шиддат мегирад.

 

Барчасп