Гармо яке аз бузургтарин тӯдаҳои яхии қутбро шикаст
Август 10, 2020 18:28 Asia/Dushanbe
Яке аз бузургтарин тӯдаҳои яхӣ дар қутби шимол бо қудумати чаҳор ҳазор сол шикаста шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо, тасовири моҳвораӣ рӯйдоди аҷибро дар қутби шимол сабт кардааст, ки нишон медиҳад охирин тоқчаи яхи Канада дар обҳои уқёнуси қутби шимол шикаста шуда ва чандин кӯҳи яхӣ дар ин минтақа шакл гирифтааст.
Иллати ин рӯйдод, тағйироти иқлимӣ ва гарм шудани кураи замин аст.
Тоқчаҳои яхӣ, сакуҳои азим ва шиновари яхӣ ҳастанд, ки ҳаракати ором доранд ва ҳангоме, ки ба хатти соҳилӣ ё сатҳи уқёнус бархурд мекунанд мешикананд ва кӯҳҳои яхиро ташкил медиҳанд.
Захомати тоқчаҳои яхӣ байни сад метр то ҳазор метр мутағайир аст.