Август 11, 2020 09:12 Asia/Dushanbe
  • Шуйюи як вируси кушандаи нав дар Чин

Вируси муҳлики наве, ки аз кана мунтақил мешавад дар Чин хуруҷ пайдо кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, дар Чин вируси муҳлики наве, ки аз кана мунтақил мешавад шуйюъ пайдо кардааст, ки камаш 7 нафар бар асари ибтило ба ин вирус ҷон сипурдаанд.

Тамоми фавтидаҳои ин вирус сокини минтақаҳои шарқии Чин буданд.

То кунун 37 нафар ба ин вирус мубтало шудаанд.

Нишонаҳои роиҷи ин беморӣ таби боло, сурфа ва коҳиши сатҳи гулбулҳои сафед ва плакетҳо дар хун аст.

Дар ибтидо ин уфунат дар вилояти Ҷиянгсо пайдо шуд ва баъд ба вилояти Онҳоии Чин сироят кард.

Вируси SFTS аввалин бор дар соли 2011 шиносоӣ шуд. Ин вирус аз тариқи кана ба инсон ва аз фарди олуда низ ба фарди дигар аз тариқи хун ё ғишоҳои мухотӣ мунтақил мешавад.

 

Барчасп