ДИИШ як бандари муҳими Мазамбикро ишғол кард
(last modified Thu, 13 Aug 2020 04:36:25 GMT )
Август 13, 2020 09:36 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ як бандари муҳими Мазамбикро ишғол кард

Мақомоти низомии кишвари африқоии Мазамбик аз уфтодани як бандари муҳим дар шимоли ин кишвар ба дасти терорристҳои вобаста ба ДИИШ хабар доданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, як мақоми низомии Мазамбик ба хабаргузории Фаронса гуфтбандари Мукимбуа До Прая рӯзи чоршанбе ба ишғоли терорристҳои вобаста ба ДИИШ даромад ва суқут кард.

Ин шаҳри бандари камтар аз 80 километр бо шибҳи ҷазираи Афунгӣ маҳали таъсисоти гази мойеи 60 миллиард долларии Мазамбик фосила дорад.

шимоли Мазамбик аз соли 2017 ба ин су ҳадафи ҳамлаи терорристҳои вобаста ба ДИИШ қарор гирифта ,ки то кунун беш аз ҳазор нафар дар ин ҳамлаҳо кушта шудаанд.

Мазамбик кишваре дар ҷануби Африқо аст ва ҳудуди 32 миллион нафар ҷамъият дорад.