Август 15, 2020 11:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Туркия ба Аморот пас аз тавофуқи Абузабӣ ва Тел-Авив

Раисҷумҳури Туркия дар вокуниш ба тавофуқи нангини Аморот ва режеми саҳюнистӣ, Абузабиро ба қатъи робитаҳо таҳдид кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Раҷаб Тайиб Ардуғон дар суханронии пас аз намози ҷумъа гуфт:Бастани сафоратхонаи Туркия дар Абузабӣ ва муаллақ сохтани равобити дипломатӣ бо Амороти муттаҳидаи арабиро дар посух ба оддисозии равобити ин кишвар бо режеми саҳюнистӣ, мадди назар дорад.

Дар пайи талошҳои бевақфаи Доналд Трамп барои оддисозии равобити Аморот ва режеми саҳюнистӣ рӯзи панҷшанбе ду тараф тайи тавофуқномае бар сари оддисозии комили равобити дипломатӣ ба тавофуқ расиданд.

 Ин тавофуқ бо интиқодҳои густурда дар ҷаҳони ислом рубару шудааст.

 

Барчасп