Таъкиди Русия бар тасриъ дар баргузории нишасти Шурои амният дар бораи Эрон
(last modified 2020-08-16T11:53:19+00:00 )
Август 16, 2020 16:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Русия бар тасриъ дар баргузории нишасти Шурои амният дар бораи Эрон

Вазорати умури хориҷаи Русия бар ташкили фаврии нишасти онлайни аъзои доими Шурои амният ба ҳамроҳи Олмон ва Эрон таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Вазорати умури хориҷаи Русия бо интишори баёнияе эълом кард, мақомоти Маскав интизор доранд, ки ин нишаст ба вижа пас аз худдории «тақрибан ҳамроҳ бо иттифоқи назар»-и кишварҳои узв аз ҳимоят аз пешнависи қатъномаи пешниҳодии Иёлоти Муттаҳида дар бораи тамдиди таҳрими таслиҳотии Теҳрон, ба таъхир наафтода ва фавран ташкил шавад.

Дар ин баёния таъкид шудааст, пешниҳоди баргузории нишасти онлайни сарон- аъзои доими Шурои амният ба ҳамроҳи раҳбарони Олмон ва Эрон - дар воқеъ даъватномае барои шурӯи гуфтугӯи пурмӯҳтаво ва ҳамкории созанда аз сӯи Владимир Путин дар як ҷиҳатгирии саҳеҳ аст.

Ин дархости мақомоти Маскав дар ҳоле сурат гирифта, ки Доналд  Трамп- раиси ҷумҳури Амрико субҳи имрӯз (якшанбе) эълом кард, ки Вашингтон эҳтимолан аз ширкат дар нишасти сарон дар бораи Эрон худдорӣ карда ва қасд дорад ҳафтаи оянда талоши дигареро барои бозгашт ба таҳримҳои Созмони Миллали Муттаҳид алайҳи Эрон оғоз кунад.

Тозатарин талоши Амрико барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон дар Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид шикаст хурд.

Қатъномаи пешниҳодии Амрико барои тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон дар Шурои амният бо 11 овози мумтанеъ, 2 овози мувофиқ ва 2 овози мухолиф ба тасвиб нарасид.

 

Барчасп