Август 17, 2020 11:31 Asia/Dushanbe
  • Нахустин ваксинаи зидди коронаи Чин ҳам сабт шуд

Мақомоти чинӣ аз сабти нахустин ваксинаи зидди коронаи сохти ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Алъолам, ин ваксинаро, ки "Ad5-nCoV" ном дорад ширкати дорусозии "Кон Сину"-и Чин тавлид карда ва дар даҳуми августи 2020 онро ба таъйид ва сабт расондааст.

Тибқи иттилоияе, ки дар вебгоҳи Созмони миллии моликияти маънавии Чин мунташир шудааст дар сурати густариши дубораи вируси корона дар ин кишвар, тавлиди анбӯҳи ин ваксина метавонад дар муддат замон кӯтоҳ анҷом шавад.

Ширкати дорусозии "Кон Сину" рӯзи душанбе 17 август дар баёнияе эълом кард, сабти ин ваксина, асарбахшӣ ва эминии онро таъйид карда ва ҳуқуқи моликияти маънавии онро нишон медиҳад.

Ин ширкат дар иттилоияи худ афзудааст, ки марҳилаи севум ва ниҳоии озмоиши болинии ин ваксина, ки дар Мексика ва Арабистон дар ҳоли анҷом аст, ба суръат пеш меравад ва музокира бо Русия, Бразилия ва Чили барои анҷоми озмоишҳои марҳилаи севуми болинӣ дар ин кишварҳо оғоз шудааст.

Русия низ ҳафтаи гузашта аз сабти нахустин ваксинаи коронаи тавлиди худ хабар дод.

 

Барчасп