Уламои мусулмонони Алҷазоир: оддисозии равобит бо Исроил ҳаром аст
Анҷумани мусулмонони Алҷазоир оддисозии равобити режими ишғолгари саҳюнистиро ҳаром хонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Анҷумани уламои мусулмонони Алҷазоир (бузургтарин анҷумани уламои ин кишвар) рӯзи душанбе дар вокуниш ба тавофуқи ахири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Исроил барои оддисозии равобит эълом кард: ҳамкорӣ ва оддисозии равобит бо ин режими ғосиб ва ишғолгар, ки сарзамини Фаластинро ғасб карда ва муқаддасоти исломӣ, Масҷидул-Ақсо ва миллати Фаластинро лагадмол карда, хиёнати бузурге аст, ки наметавон дар бораи он сукут кард.
Ин анҷумани Алҷазоир таъкид кард: Вогузории ваҷабе аз хоки Фаластин шаръан ҷоиз нест, зеро Фаластин ва Қудс як ҳаққи фаластинӣ ва исломии ом аст ва ҳеҷ ҳокиме ҳаққи вогузории онро надорад.
Бархе аҳзоби Алҷазоир низ тавофуқи Аморот ва режимисаҳюнистиро ба шиддат маҳкум ва онро хиёнат ва корд задан аз пушт ба миллати Фаластин тавсиф карданд.
Амрико, режими саҳюнистӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ панҷшанбеи гузашта бо интишори баёнияе муштарак эълом карданд, ки Абу Даби ва Телавив расман равобити худро оддӣ мекунанд.
Ин тавофуқ бо интиқодҳои густарда дар ҷаҳони ислом мувоҷеҳ шудааст.