Шикояти Амрико аз Эрон ба далели нақзи Барҷом
(last modified Wed, 19 Aug 2020 04:17:10 GMT )
Август 19, 2020 09:17 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Амрико аз Эрон ба далели нақзи Барҷом

Вазири хориҷаи Амрико Майк Помпео қарор аст, ки аз Эрон ба далели нақзи тавофуқи Барҷом ба Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид шикоят кунад!

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо; Алорағми хурӯҷи 2 солаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, Вашингтон қарор аст рӯзи панҷшанбе бобати нақзи Барҷом аз сӯи Эрон шикояти худ аз Теҳронро ба раиси Шӯрои Амният ироа кунад. 
 
Амрико пас аз нотавонӣ дар тасвиби қатъномаи тамдиди таҳримҳои таслиҳотии Эрон дар Шӯрои Амният, муддаии истифода аз механизми "Моша" алайҳи Теҳрон аст. 
 
Механизми "Моша", яъне бозгашти фаврӣ ба даврони қабл аз Барҷом ва аъмоли таҳримҳои муҷаддад алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон. 
 
Қатъномаи пешниҳоди Амрико барои тамдиди мамнуъияти таслиҳотии Эрон, асри ҷумъа (ба вақти маҳаллӣ) натавонист аз садди Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бигузарад. 
 
Ин қатънома бо 11 раъйи мумтанеъ, 2 раъйи мувофиқ (Амрико ва Ҷумҳурии Доминика) ва 2 раъйи мухолифи Русия ва Чин шикаст хӯрд. 
 
Аъзои доим ва ғайрдоими Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки раъйи мухолиф ё мумтанеъ ба қатънома зидди эронии Амрико доданд, ҳимоят аз Барҷомро далели раъй ихуд донистанд.