Корона ба делфинҳо ҳам расид
Муҳаққиқон эълом карданд 4 делфин дар Сан -Диего ба вируси ҷадиди корона мубтало шудаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикиии Садои Хуросон; муҳаққиқон мегӯянд вируси корона барои нахустин бор аз кӯршапаракҳо ба як пистондор эҳтимолан "пингвин" мунтақил ва сипас ба инсон сироят кардааст.
Токунун наздик ба 23 миллион инсон дар ҷаҳон ба вируси маргбори корона олуда шудаанд ва 800 ҳазор тан ҷони худро аз даст додаанд.
Ба тозагӣ муҳаққиқон эълон карданд, ки 4 делфини дастомӯз дар маркази неруи дарёии артиши Амрико дар шаҳри Сан- Диегои иёлоти Калефорния ба вируси ҷадиди корона мубтало шуданд.
Ин 4 делфин пас аз ибтидо ба корона аворизе ҳамчун беҳолӣ, исҳол ва беиштиҳоиро нишон доданд.
Донишмандон бо озмоиши мадфуи ин делфинҳо ибтилои онҳо ба вируси ҷадиди коронаро таъйид карданд.
Бо ин ҳол донишмандон мегӯянд, вируси ҷадиди корона, ки дар делфинҳо мушоҳида шудааст хатари каме ба инсонҳо дорад.
Онон мӯътақиданд корона дар ин ҳайвонот бо Ковид-19, ки ҳам инак дар миёни инсонҳо шуюъ пайдо кардааст, бисёр тафовут дорад.