Ифшои ҳазорон "E-mail"-и ситоди Ҳиллари Клинтон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i5677
Сойти WikiLex (ВикиЛекс), ҳазорон "E-mail"-и ситоди номзади демократи интихоботи риёсатҷумҳурии Амрикоро ифшо кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 08, 2016 19:08 Asia/Dushanbe
  • Ифшои ҳазорон

Сойти WikiLex (ВикиЛекс), ҳазорон "E-mail"-и ситоди номзади демократи интихоботи риёсатҷумҳурии Амрикоро ифшо кард.

Ба газроши шабакаи телевизионии СНН, WikiLex рӯзи ҷумъа беш аз ду ҳазор емеайлҳои ҳакшуда Ҷон Подеста-раиси Ситоди корзори интихоботи Ҳиллари Клинтонро ифшо кард.

Ин емайлҳо, дар иртибот бо пардохти ширкатҳои вобаста ба "Уолл-стрит" ба Ҳиллари Клинтон аст.

Муҳтавои ин емайлҳо, шомили бахшҳое аз суҳбатҳои Ҳ. Клинтон дар пушти дарҳои баста бо раисони ширкатҳои "Уолл-стрит" будааст, ки ин амр пас аз тарки вай аз мансаби вазорати хориҷаи Амрико сурат гирифт.

ВикиЛекс ваъда додааст, ки емайлҳои бештаре аз 50 ҳазор санад ва емайле, ки ин гурӯҳ иддао мекунад онҳоро дар ихтиёр дорад, мунташир кунад.

Интишори ин емайлҳо, ҳокӣ аз ҳимояти густурда бархе мудирони"Уолл-стрит" аз Ҳиллари Клинтон будааст.

Бар асоси ин гузориш, гузидаи суханрониҳои Ҳ. Клинтон, ки пас аз тарки вазорати хориҷа ва барои ширкатҳои молӣ ҳамчун "Goldman sachs",  "Morgan stanley" ва дигар гурӯҳҳои молӣ ва эътиборӣ анҷом дода, дар ВикиЛекс ифшо ва эълом шуд, ки Ҳиллари Клинтон барои эроди ҳар кадом аз ин суханрониҳо маблағи 225 ҳазор доллари Амрико дарёфт кардааст.

Ин дар шароите аст, ки номзади Ҳизби демократ дар интихоботи риёсатҷумҳури Амрико, фардо якшанбе дувумин мунозираи худро бо Доналд Трамп, рақиби ҷумҳурихоҳи вай баргузор мекунад.