Август 23, 2020 21:22 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳодияи Аврупо: Намехоҳем Беларус ба Украинаи дуввум табдил шавад

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо муътақид аст, ки таҳаввулоти равон дар Беларус набояд ин кишварро ба Украинаи дуввум табдил кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Евра-Ниюз, Ҷозеп Боррелл дар гуфтугӯи рӯзи якшанбеи худ бо рӯзномаи спанияизабони Эл-Паис бар зарурати ҳалли буҳрони дохилии Беларус аз тариқи таомул ва гуфтугӯ бо Александр Лукашенко раиси ҷумҳурии ин кишвар таъкид кард.

Боррелл зимни ишора ба ихтилофот ва танишҳо бо Русия пас аз пайвастани Қрим ба хоки ин кишвар дар соли 2014 гуфт: Иттиҳодияи Аврупо тамоюл надорад шоҳиди табдили Беларус ба Украинаи дуввум бошад.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар идома ёдовар шуд: Таниш миёни Аврупо ва Русия бо тирпаронӣ, хушунат ва бесуботӣ дар Украина ҳаллу фасл шуд, ки пайёмадҳои он барои ин кишвар ҳамчунон идома дорад.

Вай афзуд: Мушкили имрӯзи мардуми Беларус интихоб миёни Русия ва Аврупо нест; онҳо озодӣ ва демокрасӣ мехоҳанд.

Нооромиҳои пас аз интихобот дар Беларус то кунун камаш се кушта ва даҳҳо маҷруҳ ба ҷой гузоштааст.

Бар асоси охирин гузоришҳо наздик ба 7 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар низ то кунун ба дасти полис ва неруҳои амниятӣ боздошт шудаанд.

Барчасп