Август 28, 2020 17:50 Asia/Dushanbe
  • Поёни бенатиҷаи нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар бораи Белорус

Нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар бораи буҳрони Белорус дар ҳоле ба поёни расид, ки аъзои ин иттиҳодия дар бораи таҳрими Александр Лукошенко ба тавофуқ нарасиданд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар мавриди ин ки оё Александр Лукошенко, раисҷумҳури Белорус ба далели муқобила бо мухолифон бояд муҷозот шавад ё хайр, ихтилоф доранд.

Томас Петричек, ва Линас Линкевичиус, вазирони хориҷаи Чехия ва Литва дар нишасти рӯзи ҷумъаи вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар Берлин мувофиқаташонро бо таҳрими Лукошенко эълом карданд, аммо Жан Асселборн, вазири хориҷаи Люксембург таъкид кард, ин амр метавонад талошҳои миёнҷигаронаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (OSCE) -ро душвортар кунад.

Вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо пеш аз ин эълом карда буданд, алайҳи омилони “тақаллуб” дар интихобот ва хушунат зидди тазоҳуркунандагон дар Белорус таҳримро дар назар мегиранд.

Дмитрий Кулеба, вазири хориҷаи Украина низ дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии 1+1 ин кишвар аз таъхири равобит ва тамосҳои Украина бо Белорус хабар дод, аммо имкони қатъи комили равобити дипломатии Украина бо Белорусро рад карду гуфт, дар замони ҳозир далеле барои ин иқдом намебинад.

Лукашенко кишварҳои аврупоӣ ва Амрикоро омили пуштипардаи нооромиҳои ҳудуди се ҳафтаи ахири Белорус медонад.

 

Барчасп