Имрон Хон: Бояд Теҳронро аз наздик бибинед
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56922-Имрон_Хон_Бояд_Теҳронро_аз_наздик_бибинед
Нахуствазири Покистон хоҳони сармашқ гирифтани шаҳрҳои бузурги кишвараш аз чигунагии идораи шаҳри Теҳрон шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 28, 2020 14:27 Asia/Dushanbe
  • Имрон Хон: Бояд Теҳронро аз наздик бибинед

Нахуствазири Покистон хоҳони сармашқ гирифтани шаҳрҳои бузурги кишвараш аз чигунагии идораи шаҳри Теҳрон шуд.

Имрон Хон, нахуствазири Покистон рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии A. R.Y –и ин кишвар гуфт, равобити феълии Исломобод бо Теҳрон дар муқоиса бо гузашта дар сатҳи бисёр хубе қарор дорад.

Вай аз низоми мудирияти пешрафтаи шаҳрӣ дар Эрон, ба вижа дар Теҳрон бо вуҷуди таҳримҳои Амрико тамҷид карду ба муҷрии шабакаи A. R.Y гуфт: “Бояд ба Теҳрон рафту ин шаҳри модернро аз наздик дид, ки чӣ гуна бо мудирияти муассири шаҳрӣ ҳазинаҳои худро таъмин мекунад”.

Имрон Хон ҳамчунин ба заъфи низоми шаҳрӣ ва сӯимудирият дар ҷамъоварии молиёт ва даромадҳои шаҳрӣ дар Покистон ишора карду гуфт, Эрон ба рағми таҳримҳо садҳо миллион доллар аз мудирияти шаҳрӣ, ба вижа дар Теҳрон даромад дорад ва ҳазинаи тавсеаву пешрафти шаҳрҳоро аз ин даромадҳо таъмин мекунанд.

Нахуствазири Покистон таъкид кард, бояд равиши идораи шаҳри Теҳронро барои расидагӣ ба вазъияти калоншаҳрҳои Покистон монанди Карочӣ ва Лоҳур ба кор гирифт.