Таҳдид шудани бархе шахсиятҳои сиёсии Афғонистон ба марг
(last modified Fri, 28 Aug 2020 14:59:19 GMT )
Август 28, 2020 19:59 Asia/Dushanbe
  • Таҳдид шудани бархе шахсиятҳои сиёсии Афғонистон ба марг

Бархе чеҳраҳои матраҳи сиёсӣ дар Афғонистон дар номае ба раисҷумҳури ин кишвар аз таҳдид шудан ба марг аз ҷониби як гурӯҳи дохили ҳукумат хабар додаанд.

Шуморе аз шахсиятҳои афғонистонӣ, аз ҷумла Раҳматуллоҳ Набел, раиси собиқи амнияти миллӣ, Умар Зохилвол, сарпарасти собиқи вазорати дороӣ, Ҳикмат Халил Карзай, муовини сиёсии собиқи вазорати умури хориҷа ва Абдулкарим Хуррамӣ, раиси дафтари собиқи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар номае ба Ашраф Ғанӣ фош кардаанд, ки аз ҷониби гурӯҳҳое дар дохили давлат таҳдид ба марг шудаанд.

Имзокунандагони ин нома гуфтаанд, номаҳои таҳдидомезе бо унвони Толибон дарёфт кардаанд, ки ҷаълӣ аст ва дар воқеъ аз сӯйи гурӯҳҳое дар дохили давлати Афғонистон ирсол шудааст.

Ин шахсиятҳои сиёсии афғонистонӣ муддаиянд, ки гурӯҳи таҳдидкунанда аз чанд мақоми баландрутбаи давлатӣ ташкил шудааст, ки раёсати онро муовини раёсати ҷумҳурӣ ва муовини амнияти миллии Афғонистон ба ӯҳда доранд ва дар ин замони ҳассос, ки музокироти байналафғонӣ дар пеширӯ аст, мехоҳанд мунтақидони ҳукумат ва мухолифони сиёсиро террор кунанд.

То кунун Ашраф Ғанӣ дар бораи ин нома изҳори назар накарда, аммо Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон зимни маҳкум кардани чунин таҳдидҳое, озодии баёнро ҳаққи ҳар афғон донистааст.