Сентябр 06, 2020 13:39 Asia/Dushanbe
  • Синни тиллоии коҳиши вазнро дарёбед!

Фосилаи синнии 25 то 40 сол давраи тиллоии коҳиши вазн аст, ки метавонад марги зудрасро то 54 дар сад коҳиш диҳад.

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, аз даст додани вазн дар фосилаи аз 25 то 40 сол  умри одамро зиёд мекунад. Тадқиқоти Донишгоҳи Бостони Иёлоти Муттаҳида нишон дод, ки талошҳо барои аз даст додани вазн ва беҳтар кардани саломатӣ пас аз 40-солагӣ одатан бесамар мебошанд. Ғайр аз машқ, истеъмоли карбогидратҳои оддӣ, аз қабили нон, биринҷ, макарон ва картошкаро кам кунед, сари вақт хоб кунед, калорияро кам кунед ва аз хӯрокҳои коркардшуда дурӣ ҷӯед, истифода аз як табақи хурдтар , нӯшидани дамнӯшҳои лоғарӣ  ва баҳрагирӣ аз адвияҳои чарбисӯз аз равишҳое аст,ки метавонад афроди дорои изофавазнро ба вазни матлуб бирасонад.

Барчасп