Сентябр 08, 2020 10:14 Asia/Dushanbe
  • Созмони Миллал: Аҳкоми парвандаи Хошуқҷӣ машрӯъияти қонунӣ ва ахлоқӣ надорад

Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури эъдомҳои хориҷ аз чорчуби қазоӣ, аҳкоми додгоҳи Арабистон дар бораи парвандаи қатли "Ҷамол Хошқҷӣ"- рӯзноманигори мунтақиди саудиро номшруъ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Агнес Калламард душанбешаб раванди додрасӣ ва аҳкоми додгоҳи Хошуқҷиро "тамасхури адолат" тавсиф ва таъкид кард: Раванди муҳокимаи муттаҳамони парвандаи қатли Хошуқҷӣ, дур аз инсоф, адолат ва шаффофият будааст.

Хадиҷа Чингиз, номзади Ҷамол Хошуқҷӣ низ аҳкоми содиршуда дар иртибот бо парвандаи номзадашро «масхара» хонд.

Додситонии саудӣ рӯзи душанбе дар иттилоияе эълом кард: Ҷанбаи хусусии ҷурми қатли Ҷамол Хошқҷӣ бо афви хонаводаи вай хотима ёфтааст ва дар хусуси ҷанбаи умумии ҷурм низ панҷ нафар аз маҳкумон ҳар кадом ба 20 сол зиндон, як нафар ба ҳафт сол ва ду нафар низ ба 10 сол зиндон маҳкум шудаанд.

Додситонии саудӣ ин аҳкомро ниҳоӣ донистааст.

Фарзандони Ҷамол Хошқҷӣ, ки дар Арабистон сокин ҳастанд 22 май таҳти фишор эълом карданд, ки қотилони падари худро бахшидаанд. Фарзандони Хошуқҷӣ аз замони қатли падарашон иҷозаи хуруҷ аз Арабистонро наёфтаанд.

Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ ду сол пеш дар консулгарии Арабистон дар Истамбул ба тарзи фаҷеъе ба дасти маъмурони эъзомшуда аз Риёз ба қатл расид.

 

Барчасп