Раиси ҷумҳури Чин: Ваксинаи коронаро дар ихтиёри ҷаҳон қарор медиҳем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57247-Раиси_ҷумҳури_Чин_Ваксинаи_коронаро_дар_ихтиёри_ҷаҳон_қарор_медиҳем
Раиси ҷумҳури Чин эълом кард: Ба маҳзи ин ки кишвараш ба ваксинаи зидди вируси корона даст пайдо кунад онро дар ихтиёри ҷаҳон қарор хоҳад дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 08, 2020 07:33 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳури Чин: Ваксинаи коронаро дар ихтиёри ҷаҳон қарор медиҳем

Раиси ҷумҳури Чин эълом кард: Ба маҳзи ин ки кишвараш ба ваксинаи зидди вируси корона даст пайдо кунад онро дар ихтиёри ҷаҳон қарор хоҳад дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Ши Ҷинпин дар нишасти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз тариқи видеоконфронс гуфт: Чин ду миллиард доллар ба манзури муқобила бо бемории КОВИД-19 ба кишварҳои даргир ба ин беморӣ кумак кардааст.

Вай таъкид кард: Пекин дар қиболи шуйюи вируси корона шаффоф амал кардааст.

Пештар мақомоти Кохи Сафед, Пекинро ба амалкарди ғайришаффоф дар хусуси шуйюи вируси корона муттаҳам карда буданд.

Ҳамчунин Кохи Сафед Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро ҳамдасти Чин тавсиф ва эълом кардааст, ки бахши густурдае аз кумакҳои худ ба ин созмонро қатъ мекунад.

Ба гуфтаи коршиносон, ин иқдомоти давлати Амрико муҷиб хоҳад шуд қудрати Чин дар арсаҳои байналмиллалӣ ва раҳбарии муқобила бо вируси корона бештар шавад.