Сентябр 08, 2020 13:30 Asia/Dushanbe

Шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд- қаҳрамони миллии Афғонистон ба унвони намоди ҷиҳод ва муқовимат дар ин кишвар шинохта мешавад.

Ҳамасола шавқмандони Аҳмадшоҳ Масъуд ҳаҷдаҳуми шаҳривар дар солрӯзи шаҳодати вай бо ташкили корвонҳое дар шаҳри Кобул ба гашту гузор мепардозанд то ёду аҳдофи вай зинда бимонад.

Давлати Афғонистон низ маросими вижаеро барои гиромидошт аз қаҳрамони миллии ин кишвар бо ҳузури шахсиятҳои сиёсӣ, ҷиҳодӣ ва мардум баргузор мекунад.

Аҳмадшоҳ Масъуд дар ҳаҷдаҳуми шаҳривармоҳи соли ҳазору сесаду ҳаштоди шамсӣ бар асари ҳамлаи таркишӣ дар шаҳристони «Хоҷа Баҳоуддин»-и вилояти Тахор ба шаҳодат расид.

Солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд, ки аз вай бо алқоби «омирсоҳиб», «қаҳрамони миллӣ» ва «шери Панҷшер» ёд мешавад ҳамасола дар Афғонистон таътили расмӣ ва саросарӣ аст ва рӯзи шаҳодати вай Рӯзи шаҳид номгузорӣ шудааст.

 

Барчасп