Раиси муфтиёни Русия: Ҳар иқдоме дар поймол кардани ҳуқуқи миллати Фаластин маҳкум аст
(last modified 2020-09-12T04:15:26+00:00 )
Сентябр 12, 2020 09:15 Asia/Dushanbe
  • Раиси муфтиёни Русия: Ҳар иқдоме дар поймол кардани ҳуқуқи миллати Фаластин маҳкум аст

Раиси шӯрои муфтиёни Русия ҷумъашаб дар гуфтугӯи телефонӣ бо Козими Ҷалолӣ-сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Москва, ҳар гуна иқдом дар ҷиҳати поймол кардани ҳуқуқи мардуми Фаластинро маҳкум кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Форс, Равил Айнуддин дар ин гуфтугӯи телефонӣ ба иқдоми нангини Аморот дар оддисозии равобит бо режеми саҳюнистӣ ишора кард ва гуфт: Ҷаҳони ислом бояд дар ҳимоят аз ҳуқуқ, озодӣ ва ҳокимияти мардуми Фаластин якпорча амал кунад.

 Муфтии аъзами Русия ҳамчунин ба иқдоми таҳқиромези нашрияи фронсавии "Шарли Эбдо" дар тавҳин ба соҳати муқаддаси Паёмбари гиромии ислом (с) ишора кард ва гуфт: Дар ин даврони сахт бархе ҳамчунон бо ин гуна иқдомоти таҳрикомез иқдом ба шӯълавар кардани оташи нифоқ байни ҷомеъаҳо мекунанд.

 Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо қадрдонӣ аз талошҳои шайх Равил ва уламои исломӣ дар эҷоди ваҳдат ва ҳамдилӣ байни мусулмонон ва муаррифии чеҳраи воқеӣ ва раҳмонии Ислом, дар хусуси ҳамкориҳои оянда аз ҷумла баргузории ҳамоишҳои ваҳдат байни мусулмонон ба табодули назар пардохт.