Оғози нахустин музокироти мустақими давлати Афғонистон ва Толибон дар Қатар
Пас аз гузашти 19 сол аз оғози ҷанги Амрико дар Афғонистон ва дар нуздаҳумин солгарди ҳамлаи террористии ёздаҳи сентябр, барои нахустинбор музокироти мустақим байни намояндагони давлати Афғонистон ва Толибон дар Доҳа пойтахти Қатар оғоз шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Тулӯъниюз, Абдуллоҳ Абдуллоҳ- раиси Шурои мусолиҳаи олии сулҳи Афғонистон низ ба унвони дувумин суханрони ин нишаст гуфт: Мо барои сулҳ, ҳазорон зиндонии Толибонро озод кардем ва Толибон низ неруҳои амниятиро аз зиндонҳои худ озод карданд.
Абдуллоҳ идома дод: Бовар дорем, ки метавонем мушкилотро аз тариқи музокира ва гуфтугӯ ҳал кунем то буҳрони Афғонистон пас аз солҳо ҷанг ҳал шавад.
Раиси Шурои мусолиҳаи сулҳи Афғонистон ба мавзӯъи оташбас ишора кард ва гуфт: Хоҳони оташбаси инсондӯстона ҳастем то битавонем ба мардуми худ дар саросари ин кишвар кумаки фаврӣ ироа диҳем.
Вай таъкид кард: Барои даст ёфтан ба сулҳ дигар ниёзе барои ҳузури неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон нест ва бояд ба ин бовар бирасем, ки идомаи ҷанги вайронгар дар Афғонистон баранда нахоҳад дошт.
Муллобародар- муовини сиёсии Толибон низ дар ин нишаст гуфт: Мо тамоми мафоди тавофуқномаи сулҳ бо Амрикоро амал кардем ва аз тарафи муқобил низ мехоҳем, ки бандҳои ин тавофуқро иҷро кунад ва ҳамаи тарафҳо низ бояд сабру бурдборӣ аз худ нишон диҳанд то ба натиҷаи дилхоҳ ва сулҳ дар Афғонистон бирасем.
Муовини сиёсии Толибон бо баёни ин ки дар Афғонистон бояд низоми исломӣ ҳоким бошад афзуд: Мо ба мардум итминон медиҳем, ки бо садоқат дар раванди сулҳ ширкат кардем.
Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико низ дар ин маросим имрӯзро рӯзе таърихӣ барои Афғонистон донист ва гуфт: Амрико ҳеҷгоҳ 11 сентябрро фаромӯш нахоҳад кард ва иҷоза намедиҳад Афғонистон ба маконе барои терроризм табдил шавад.
Скот Миллер, фармондеҳи кулли неруҳои хориҷӣ дар Афғонистон ва шуморе аз мақомҳои қатарӣ дар нишасти имрӯз ҳузур доранд.
Аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳайате 21 нафарӣ дар ин нишаст ҳузур ёфтаанд.