Зарарҳои ваксина(эм)и олмонӣ-амрикоии корона эълом шуд
Ваксинаи истеҳсоли ду ширкати Pfizer-и амрикоӣ ва Biotechи олмонӣ, ки қарор буд рӯйи 44 ҳазор нафар озмоиш шавад, зарарҳои худро рӯй чанд довталаб нишон дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз бошгоҳи хабарнигорони ҷавони Эрон, ваксинаи муштараки ин ду ширкат, ки дар марҳилаи севум қарор буд рӯйи 44 ҳазор нафар озмоиш шавад, то кунун рӯйи 29 ҳазор нафар озмоиш шудааст.
Акнун пас аз анҷоми марҳилаи севуми озмоиши ваксина, дар нишасте эълом шуд,ки ин ваксина паёмадҳое ҳамчун хастагӣ, сардард, ларза ва дарди буғумҳо эҷод кардааст.
Дар бархе аз довталабон низ аломатҳое монанди таб буруз карда ва ҳамчунин эълом шуда додаҳо(мушаххасоти озмоишҳо) бо ҳам омехта шудаанд, яъне мутахассисон намедонанд чӣ бемороне ваксинаи аслӣ ё ваксинаи дорунамо дарёфт кардаанд.
Мудири баландпояи илмии ширкати Pfizer мегӯяд таъсири ин ваксина эҳтимолан 60 дарсад ё бештар хоҳад буд.
Ҳафтаи гузашта низ ваксинаи ширкати Astrazenka зарари худро дар як довталаб нишон дод, аммо пас аз танаффуси кӯтоҳе дубора озмоишҳои ин ваксина аз сар гирифта шуд.