Сентябр 20, 2020 11:15 Asia/Dushanbe
  • Ананас силоҳи ҷадид зидди куруно

Натоиҷи баррасии ҷадид, ки дар Амрико сурат гирифтааст нишон медиҳад, шахаи меваи ананас дорои онзим(фермент)-е ба номи “бромелайн” аст, ки барои муқобила бо куруно хавоси зиддивирусӣ дорад.

Ба гузориши “Medical News”, муҳаққиқон умедворанд, ки дар оянда битавон аз шохаи гиёҳи ананас барои тавлиди доруҳое баҳра гирифт, ки ба дармони вируси куруно кумак кунанд.

Пажӯҳиши муштараки муҳаққиқони донишгоҳи Небраска ва Маркази таҳқиқот ва арзёбии биологии CBER дар Амрико нишон медиҳад, “бромелайн” ҷилави иттисоли геномҳои вируси куруно ба силлулҳои баданро мегирад.

Пеш аз ин, короии “бромелайн” барои мудовои илтиҳоб ва дардҳои мухталиф собит шуда буд.

То ба ҳол аз маводи зиддувирусӣ ва зиддифуникунандаи мутанаввеъе барои муқобила бо вируси куруно истифода шудааст, аммо ҳеҷ як аз онҳо таъсири қобили таваҷҷуҳ ва кофӣ надоштаанд.

 

Барчасп