Авҷ гирифтани хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон
(last modified 2020-09-21T14:18:45+00:00 )
Сентябр 21, 2020 19:18 Asia/Dushanbe
  • Авҷ гирифтани хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои хуросон ба нақл аз хабаргузории Ава, миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) рӯзи душанбе дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

Барчасп