Лавров: Маскав аз дархости Амрико барои қатъи ҳамкорӣ бо Эрон пайравӣ намекунад
(last modified 2020-09-25T13:28:28+00:00 )
Сентябр 25, 2020 18:28 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Маскав аз дархости Амрико барои қатъи ҳамкорӣ бо Эрон пайравӣ намекунад

Вазири умури хориҷаи Русия гуфт, кишвараш аз дархости Амрико барои қатъи ҳамкорӣ бо Эрон пайравӣ намекунад.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе пас аз дидор бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар конфронси матбӯотии муштараке бо ҳузури хабарнигорон эълом кард, Маскав ва Теҳрон қасд доранд бо вуҷуди таҳримҳои Амрико ҳамкориҳои тиҷории миёни ду кишварро тавсеъа бахшанд.

Вазири умури хориҷаи Русия тасреҳ кард, талошҳои Амрико барои эҳёи таҳримҳои Шӯрои амният зидди Эрони ҳеч чашмандозе надорад.

Вай афзуд, Маскав ва Теҳрон талошҳои Амрико барои эъмоли таҳримҳои номаҳдӯди таслеҳотӣ зидди Эронро низ қотеъона рад мекунанд.

Лавров таъкид кард, Маскав хоҳони тақвияти равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ бо Эрон аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон низ бо ишора ба шикасти Амрико дар Шӯрои амнияти СММ гуфт, дархости Амрико мабнӣ бар бозгашти қатъномаҳои қаблии зидди Эрон бо мухолифати ҷомеъаи ҷаҳонӣ рӯбарӯ шуд ва ин бузургтарин шикаст Амрико аст.

Зариф ибрози умедворӣ кард, октябри 2020, ки Русия раёсати Шӯрои амниятро барӯҳда мегирад бо ҳаракатҳои хилофи қонӯнии Амрико муқобила ва эътибори Шӯрои амният ҳифз шавад.

Бар асоси ин гузориш, вазирони умури хориҷаи Эрон ва Русия дар бораи охирин вазъияти БарҶом дар ростои ҳаллу фасли масоили перомуни барномаи ҳастаии Эрони табодули назар карданд.

Амрико бо вуҷуди иродаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ, дар садад аст то таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид зидди Эронро бо майлу иродаи Вашингтон бозсозӣ кунад.

 

Барчасп