Сентябр 27, 2020 13:58 Asia/Dushanbe

Мардуми шаҳри Арзинҷон дар шарқи Туркия шоҳиди бориши пул аз осмон буданд.

Ин рӯйдод имрӯз дар хиёбони Урдӯи шаҳри Арзинҷон дар пайи ихтилофи ду шарик бар сари масоили корӣ ба вуқуъ пайваст ва яке аз шарикон даҳҳазор плуи коғазии 50 лириро аз панҷараи табақаи сеюми як бинои тиҷорӣ ба берун партоб кард ва он чизе, ки набоист мешуд иттифоқ афтод.

Пиёдагардоне, ки аз ин рӯйдод ба ваҷд омада буданд муштоқона барои ҷамъ кардани пулҳо ҳуҷӯм овараданд ва дар муддати кӯтоҳе асаре аз пулҳои қоғазин бар рӯи замин боқӣ намонд.

Саҳнаи ин рӯйдоди шигифтангез, ки аз дурбини мадорбастаи як мағоза забт ва мунташир шуд дар фазои маҷозии Туркия дар ҳоли даст бадаст шудан аст.

 

Барчасп