Маскав хештандории Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистонро хостор шуд
(last modified Mon, 28 Sep 2020 12:11:10 GMT )
Сентябр 28, 2020 17:11 Asia/Dushanbe
  • Маскав хештандории Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистонро хостор шуд

Вазорати хориҷаи Русия бо даъват аз давлатҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ба хештандорӣ дар мавзӯи Қорабоғ, дар бораи ташдиди танишҳо дар ин минтақа ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз шабакаи «Ал-Ҷазира», дар пайи шиддат гирифтани даври ҷадиде аз танишҳои низомии байни давлатҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи мавриди муноқишаи " Қорабоғ", Вазорати хориҷаи Русияи имрӯз ( душанбе ) бо судури баёнияе эълом кард : аз тарафҳои хориҷӣ мехоҳем дар мавзӯи танишҳои Қорабоғи кӯҳистонӣ, хештандорӣ кунанд .
Дар ин баёния омадааст: афзоиши танишҳо дар минтақаи Қорабоғ  бисёр хатарнок аст ва ду тарафи баъд аз вақфае тӯлонӣ, дар ҳоли истифода аз таслеҳоти сангин дар ин минтақа ҳастанд .

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар як нишасти изтирорӣ бо аъзои парлумон дар бораи низои низомӣ бо Озарбойҷон гуфт, ки Ереван метавонад истиқлолияти Ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи кӯҳистониро (Ҷумҳурии Артсах) ба таври расмӣ эътироф кунад.

Азсаргирии даргириҳои марзии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи мавриди муноқишаи Қорабоғ аз бомдоди якшанбе оғоз шудааст .
Вазорати дифои Ҷумҳурии худхондаи Қорабоғ, ки таҳти ҳимояти Арманистон қарор дорад мегӯяд дар даргириҳои рӯзи якшанбе бо Ҷумҳурии Озарбойҷон  4 болгард, 15 паҳподу 10 танки ин кишвар нобуд шуд .