Сентябр 28, 2020 20:33 Asia/Dushanbe
  • Аёдати канслери Олмон аз чеҳраи мухолифи давлати Русия дар бемористони Берлин

Шпигел хабар медиҳад, ки канслери Олмон Ангела Меркел дар беморхонаи Шарита дар Берлин бо як сафари махфӣ ба Алексей Навалний ташриф овард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз Спутник, нашрияи Шпигел менависад: садри аъзами Олмон Ангела Меркел  комилан  махфиёна аз чеҳраи саршиноси оппозисияи рус дар бемористони Шаритаи Берлин аёдат кард.
 Алекей Навалний фаъоли сиёсии мухолифи давлати феълии Русия низ дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер, гузориши нашрияи Олмонии Шпигел дар хусуси дидор бо Ангела Меркелро таъйид кард ва навиштааст, ки ин дидор як ҷаласаи хусуси ва гуфтугӯ бо хонавода буд.
Бистуми моҳ август Алексей Навалний дар роҳи бозгашт аз шаҳри Томски Сибир ба Москва дар ҳавопаймо дучори мушкили ҷисмонӣ шуд ба навъе, ки ҳавопаймо ночор ба фуруди изтирорӣ дар шаҳри Томск шуд .
Навалний барои муолиҷа ба Олмон мунтақил шуд ва давлати Олмон эълом кард, ки бар асоси натоиҷи як озмоишгоҳи низомӣ дар ин кишвар, Алексей Навалний бо унсуре аз гурӯҳи маводи саммии фалаҷкунанда аъсоб мавсум ба"Навичок" масмум шудааст .
Ин дар ҳолеаст, ки Вазорати хориҷаи Русия гузоришҳои олмониҳо дар бораи  Навалниро беасос донистааст.

Клиникаи пизишкии Шарита дар Берлин рӯзи душанбе эълом кард,ки вазъият саломатии Алексей Навалний беҳбуд ёфта ва вай аз ҳолати кома хориҷ шудааст.

Барчасп