Дабири кулли Созмони Миллал бо сарони Озарбойҷону Арманистон гуфтугӯ кард
(last modified Tue, 29 Sep 2020 05:48:59 GMT )
Сентябр 29, 2020 10:48 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли Созмони Миллал бо сарони Озарбойҷону Арманистон гуфтугӯ кард

Дабири кулли Созмони Миллал дар гуфтугӯи видеоконфронсӣ бо сарони Озарбойҷону Арманистон хостори оташбаси фаврӣ шуд .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, сухангуи Антонио Гуттерс- Дабири кулли Созмони Миллал бомдоди сешанбе гуфт, ки ӯ ба сурати ведиоконфронсӣ бо Илҳом Алиев- раисҷумҳурии Озарбойҷон ва Никол Пашиниён- нахуствазири Арманистон гуфтугӯ карда аст .

 Стефан Дуҷорик афзуд, ки Дабири кулли Созмони Миллал   дар гуфтугӯҳои ҷудогонаи худ бо сарони Озарбойҷону Арманистон аз онҳо хоста аст, ки фавран ба даргириҳо хотима ва танишҳоро коҳиш дода, дар чорчуби гурӯҳи Минск бидуни пешшарт ва бидуни талафи вақт ба музокирот бозгарданд .

 Сухангуи Дабири кулли Созмони Миллал ҳамчунин гуфт, ки Гуттерс бар ҳимояти комили худ аз "нақши муҳим "и Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва зарурати бакоргирии нозирони ин созмон дар минтақа таъкиди дубора карда аст.

 Даргирии байни неруҳои низомии Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ, ки рӯзи якшанбе бори дигар аз сар гирифта шуд , то кунун вокунишҳои минтақаӣ ва ҷаҳонии густардае ба дунбол дошта аст .

 Дар ин миён Созмони Миллал ва бисёре аз кишварҳо аз ҷумлаи Эрон барқарории оташбас миёни ду тараф ва ҳалли таниш аз роҳи дипломатиро хостор шудаанд.