Ҳушдори Макрон ба Эрдуғон: "ҳарфҳоят хатарнок аст"
(last modified 2020-09-30T10:50:27+00:00 )
Сентябр 30, 2020 15:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Макрон ба Эрдуғон:

Раиси Ҷумҳурии Фаронса изҳороти мақомҳои Туркияро дар бораи даргириҳо дар минтақаи Қорабоғ байни нерӯҳои Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон хатарнок хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник, Эмануэл Макрон гуфт изҳороти сиёсии раисҷумҳур ва дигар  мақомҳои Туркияро тарафдорӣ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон медонад ва онро суханони хатарнок аз рӯи бемулоҳизагӣ тавсиф мекунад .
Анкара  пештар гуфта буд, ки аз Бокӯу чӣ дар музокира ва чӣ дар саҳнаи набард бо Арманистон дифо мекунад ва ҳушдор дода буд, ки ҳаргуна  ҳамла  алайҳи қаламрави Ҷумҳурии Озарбойҷонро ҳамла  алайҳи Туркия маҳсуб мекунад .
Мавлуд Човушуғлу вазири хориҷаи Туркия низ гуфта буд агар Боку ба дунболи дарёфти кӯмаки низомӣ бошад, Анкара ҳар чӣ лозим аст анҷом медиҳад .

Барчасп